صفحه اول lتماس با ما lدرباره ما lسازمان فرهنگ و ارتباطات اسلامی lموافقت نامه فرهنگی lپیشینه روابط ایران و تاجیکستان lآشنایی با ایران
درباره خجند

آموزش اینترنتی الفبای نیاکان

الفبای نیاکان را بیاموزیم

Алифбои ниёгонро меомўзем

 

Њаёт ва пешрафти љањони муосир таќозо менамояд, ки њар як инсон бояд соњиби маърифат ва касбу њунар бошад ва ин амр танњо  бо роњи фарогирии дониш ва омўзиши пайваста муяссар мегардад.

Маълум аст, ки асри давраи пешрафти босуръати илм ва технология, буда, талабот ба фарогирии маърифату дониш торафт љиддї гардида, илм рўз ба рўз ба манбаи арзишманд ва пурќимати зиндагии башар табдил меёбад.

Омўхтани алифбои арабии тољикї, яъне алифбои ниёкон ва ба ин васила шинос шудан бо мероси ѓании илму маданияти ќадимаи тољикон, ки тўли бештар аз 1000 сол бо алифбои арабї  иншо шудааст, ањамияти бенињоят калон дорад. Асарњои шоиру нависандагон ва олимону бузургони мо – Рўдакиву Фирдавсї, Синову Њофиз, Саъдиву Љомї, Бедилу Дониш ва дигарон ба хатти арабиасоси тољикї навишта шудаанд. Њамин тариќ ,дар давоми зиёда аз 12 аср ниёкони мо бо алифбои арабиасоси тољики чи ќадар асарњо  эљод намудаанд, ки ин ганљина мисли як бањри беканор буда, мо аз он ќатрае бањравар шудаем.

Достон؛ Шахси чашмдард ба назди табиби чашм меравад, табиб мегўяд: барои табобат ва хуб шудани чашм њамеша бояд ранги сабзро нигоњ кун. Он шахс бо њазор мушкилї тамоми ранги хонаро сабз мекунад ва фаршу асбобњои  сабзранг  мехарад. Баъд аз муддате ба табиб мурољиа мекунад, ки хеле сахт буд, вазифаи хеле вазнин додед. Табиб дар љавоб мегўяд: хеле осон буд, вале ту роњашро нафањмидї, як айнаки сабз ба чашм мезадї, мушкилї намекашидї.

Хулосаи достон: мо тамоми осори бузургонро бо харљњои зиёд ва зањматњои фаровон ба кириллии тољикї баргардон накунем, вале хатти ниёконро биомўзем, то аз асарњои бузургон бањра барем.

 

   دانلود : ДАРСИ_ПАНЉУМ.pdf           حجم فایل 251 KB
   دانلود : ДАРСИ_ЧОРУМ.pdf           حجم فایل 274 KB
   دانلود : Дарси_сеюм.pdf           حجم فایل 199 KB
   دانلود : Дарси_дуввум.pdf           حجم فایل 274 KB
   دانلود : Дарси_аввал.pdf           حجم فایل 313 KB
   دانلود : Муќаддима.pdf           حجم فایل 181 KB
تماس با ما lدرباره ما lسازمان فرهنگ و ارتباطات اسلامی lموافقت نامه فرهنگی lپیشینه روابط ایران و تاجیکستان lآشنایی با ایران